Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)
Бештари овезаҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе навиштаҷоти “ҷой барои реклама”-ро доранд.
Буҳрони молӣ овезаҳои пойтахти кишварро “холӣ” кардааст. Аксари онҳоро акнун на таблиғи молу маҳсулоти кадом ширкат, балки навиштаҷоти “Ҷой барои рекламаи Шумо” “оро” медиҳанд. Масъулини ширкатҳое, ки ба қабули “реклама” барои овезаҳо машғуланд, мегӯянд, буҳрони молӣ муштариёни онҳоро “гурезонд”. Алишер, масъули яке аз ин ширкатҳо имрӯз, 10 март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, арзиши як метри мураббаъ дар овезаҳо 40 сомониро ташкил медиҳад: “Бо сабаби буҳрон фармоиш кам шудааст”.
Нисо, як корманди ширкати “Галерея-Абрис” мегӯяд, ҳаққи таблиғ барои як моҳ дар овезаҳои мутаалиқ ба онҳо 3100 сомонӣ мебошад: “Муштариҳои мо кам шуданд. Зӯри ҳар кас намерасад, ки реклама диҳад, аммо мо ҳам имкони арзон кардани нархро надорем. Аз ин ҳисоб маоши кормандонамонро медиҳем ва барои пайдо кардани мошине, ки бояд онро насб кунад, маблағ сарф мешавад”.
Дар гузашта бештари овезаҳои дар интизори “реклом” сафед буданд, аммо масъулини ширкатҳо мегӯянд, ахиран аз шаҳрдорӣ онҳоро муваззаф сохтаанд, то овезаҳои бидуни таблиғро бо манзараҳо “зеб” бидиҳанд. “Ба мо гуфтанд, ки овезаҳо набояд холии сафед бошад, бояд дар онҳо расми ягон манзара часпонда шавад. Аслан ин бар зарари мо аст, чунки бар иловаи набудани реклама мо маҷбурем аз ҷайби худ барои чоп кардани манзара маблағ пардозем”,-гуфт яке аз масъулини ширкатҳои марбут ба нашри “реклом” дар овезаҳо.