Рақобати собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе
Шоми имрӯз, 10 март дар шаҳри Душанбе нахустин бозии дӯстона миёни собиқадорони футболи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешавад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ин дидор соати 18:30 дар варзишгоҳи “Тоҷикгостандарт”, воқеъ дар маҳаллаи Яккачинор шурӯъ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати собиқадорони футболи Афғонистон бо роҳбарии президенти ФФА -- Киромиддин Карим вориди Тоҷикистон шуда, қарор аст чанд бозии дигар ҳам анҷом бидиҳанд. “Собиқадорони футболи Афғонистон рӯзи 12 март бо собиқадорони тими “Панҷшер” дар ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ рақобат намуда, 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо собиқадорони тими миллии Тоҷикистон қувва меозмоянд”,-афзуд манбаъ.