Боздошти Нурматов барои қочоқи бензин аз Қирғизистон
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо иттиҳоми қочоқи беш аз 64 тонна бензин боздошт кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Нурулло Нурматовро кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дастгир кардаанд: “Муайян карда шуд, ки номбурда 64 ҳазору 800 литр сӯзишвории бензинро бе барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст”.
Манбаъ мегӯяд, Нурматов ҳамроҳ бо ронандаҳо Мубинҷон Абдусаломов, Ҷумъабой Абдусаломов ва Муқимҷон Ҳасанов дар се мошини боркаш, ки барои интиқоли гази моеъ пешбинӣ шудааст, ин миқдор бензинро бо супоридани борхалтаҳои қаблан истифодашуда ва деклоратсияҳои боҷи гумрукӣ барои маводҳои сӯзишвории навъи бензин ва маҳсулоти гази моеъ, аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе пинҳонӣ аз кормандони гумрук бо роҳи қочоқ ворид кардааст: “Воситаҳои нақлиётие, ки бо сӯзишвории бензин ғайриқонунӣ интиқол гардидаанд, аз ҷониби кормандони гумрук дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт гардиданд, ки арзишии умумии сӯзишвории дарёфтгардида 265 ҳазору 827 сомониро ташкил медиҳад”.
Ба иттилои Хадамоти гумрук, аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии моддаи 289 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.