Худоӣ Шарифзода ҷоизаи байналмилалии Саъдиро гирифт
Худоӣ Шарифзода, адабиётшиноси варзидаи тоҷик ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии Саъдиро ба даст овардааст. Ин ҷоиза ба профессори тоҷик барои таълифи китоби “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” аз сӯи Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон эҳдо шудааст.
Худоӣ Шарифзода дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор дошт, ин китобро соли 2014 таълиф намудааст: “Дар ин китоб назари Фирдавсӣ ба шеър, ҳунари офаринандагии шоир ва ҳамчунин дигар масоили назарии шеъри форсӣ дар замони Фирдавсӣ, аз ҷумла заминаҳои зуҳури шеъри ҳаммосӣ таҳқиқ шудааст”.
Профессор Худоӣ Шарифзода яке аз адабиётшиносони маъруфи ҳавзаи кишварҳои форсизабон буда, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 1970 дар мавзуи "Ташаккули афкори адабии форс-тоҷик дар асрҳои Х-ХI" рисолаи номзадӣ ва соли 1987 дар мавзуи "Назарияи наср дар осори форсии марҳилаи классикӣ" (асрҳои Х-XV) рисолаи докториро ҳимоя кардааст. Дар солҳои 1989-1993 мудирияти кафедраи фолклор ва методикаи таълим, солҳои 1993-97 садорати факултаи филологияи тоҷик, солҳои 1993-2009 мудирияти кафедраи таърихи адабиёти тоҷикро дар ДМТ ба дӯш дошт. Ҳоло мушовир ва профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик мебошад.
Зери роҳбарии профессор Худоӣ Шарифзода 36 унвонҷӯ рисолаҳои номзад ва доктори илмро дифоъ кардаанд ва эшон муаллифи китобҳои "Услуб ва камолоти сухан" (1985), "Мақомоти Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик" (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода), "Каломи бадеъ" (1991), "Шоир ва шеър" (1998), "Озурдагон ва умедворон" (2001), "Савти Аҷам" (2002), "Балоғат ва суханварӣ" (2002), "Рози ҷаҳон" (2003), "Назарияи наср" (2004), "Суннатҳои адабӣ" (2007), "Сухан аз адабиёти миллӣ" (2009), "Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ" (2012), "Сездаҳ мақола" (2013), "Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ" (2007), "Ашъори ҳакимон ва орифон" (2011, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор), Ибни Сино: "Пирӯзинома", "Фанни шеър" (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода), "Мунтахаби "Тарҷумон-ул-балоға" ва "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" (1987), "Шоирони аҳди Сомониён" (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор), "Мероси Сомониён" (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор) мебошанд.