Таҳдиди “майор” ба муаззин дар Душанбе: Пул деҳ, вагарна бадномат мекунам (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Муслиҳиддин Зарифов, майори тақаллубии милиса хабар дод, ки бо роҳи қаллобӣ ва таҳдид аз сокинони Душанбе маблағҳои ҳангуфтро меситондааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Зарифов, сокини 35-солаи ноҳияи Восеъ барои худ санади тақаллубии майори милисаро омода карда, ҳамроҳи шарикаш - Умедҷон Илҳомов, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе дар пойтахт ба қаллобӣ машғул шудаанд.
Ба иттилои манбаъ аз ҷумла ин ду нафар худро корманди ВКД муаррифӣ намуда, моҳи январи соли равон аз Маҳмадалӣ Муродов, муаззини 31-солаи масҷиди маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд: “Муллоро ба мошин савор карда, тарс доданд, ки бурда ба ВКД месупоранд. Гуфтаст маро шарманда накунеду 3 ҳазор сомонӣ дорам, инро гиреду маро раҳо кунед. Онҳо розӣ шудаанд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар маҷмуъ чор ҳолати қаллобии кормандони тақаллубии милисаро ошкор кардаанд, ки якеаш дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифтааст: “Сокинони Душанбе Муродов ва Раҳимова, ки дар Наврӯзгоҳ сайругашт мекарданд, ҳадафи таҳдиди ин ду нафар қарор гирифтаанд. Раҳимова барои бадном нашудан гарданбанди тилоии 800 доллариашро ба қаллобон додааст ва ин нафарон онро баъдан дар Корвон ба ивази 600 доллари амрикоӣ фурӯхтаанд”.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ феълан алайҳи боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин ниҳод аз шаҳрвандоне, ки ҳадафи чунин қаллобон қарор гирифтаанд, даъват намуд, ки фавран ба мақомоти милиса муроҷиат намоянд. Акси айбдоршавандаҳо: