АКС: Духтари 13-солаи полковник дар Ваҳдат гранатамёт ёфтааст
Фарзонаи Қурбон, сокини 13-солаи деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат дар марғзори назди деҳааш гранатамёт ва дигар силоҳу лавозимоти ҷангиро дарёфт кардааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, паноҳгоҳи силоҳро ин хонандаи синфи 6-ум душанбеи 7 март пайдо кардааст.
Ба иттилои манбаъ падари Фарзона, Ибрагимов Қурбонбек, ки полковники милитсия мебошад, дар бораи силоҳи ёфтаи духтараш фавран ба шӯъбаи милитсияи Ваҳдат хабар додаст: “Гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гранатамёт ва лавозимоти ҷангии зиёдро мусодира ва ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намуданд”.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон барои зиракиву ҳушёрӣ Фарзонаи Қурбонро бо "Ноутбук", падараш Ибрагимов Қурбонбек Бовобековичро бо "Ифтихорнома" ва модараш Оева Гулнора Саидовнаро бо "Раҳматнома" қадрдонӣ кардаст.
Дарёфти силоҳ дар Симиганҷ дар ҳолест, ки охири моҳи сентябр манобеи “Озодагон” аз амалиёти мақомоти амният ва умури дохилӣ алайҳи аъзои боқимондаи Ҳоҷӣ Ҳалим дар ин минтақа хабар дода буданд, ки бо куштори ду узви ин гуруҳ анҷом ёфта буд.