Соҳибкори тоҷик дар талоши интиқоли 265445 кг метал ба Афғонистон муттаҳам мешавад
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як соҳибкори 42-солаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қочоқи метали сиёҳ хабар дод.
Ин ниҳод мегӯяд, соҳибкор Бахтиёр Олимхӯҷаев 21 январи соли равон 265445 килло пораҳои метали сиёҳро ба маблағи 291 ҳазору 989,5 сомонӣ аз шаҳри Душанбе ба се мошини боркаш ҷой карда, бидуни ҳуҷҷати зарурӣ онро ба наздикии гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён мерасонад. Ба иттилои манбаъ, Олимхӯҷаев мехостааст, металҳои сиёҳро ба Афғонистон интиқол бидиҳад: "Нисбати гумонбаршуда бо моддаҳои 32 ва 289-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шудааст”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар 25 марти соли 2003 бо як амри худ содироти метали сиёҳ ба хориҷи кишварро манъ кардааст.