Дар оғози маҳфил Н. Муҳаммадиев, раиси Маркази фарҳанги байналмилалии ҷумҳурии Ӯзбакистон гуфт, устод Мирзо Турсунзода таҷассумгари дӯстии бемисли ду халқи ҳамҷавору бародар мебошад.Дар ҷамъомад ҳамчунин, Ҳасан Қудратуллоев, раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии тоҷикони Ӯзбакистон, Абдулло Субҳон, адиб – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон, Т. Тӯхтаев (Паймон), нависанда – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон, Файз Маҳмуд, шоир, Ҷаъфар Холмӯъминов, номзади илми фалсафа, сармуҳаррири маҷалаи «Сино», намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ва дигарон дар бораи фаъолияти пурбори эҷодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва сулҳофаринии устод Мирзо Турсунзода маърӯза намуданд.
-Ғояҳои олии умумиинсонӣ – ҳифзи сулҳу субот, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат ва ҳамчунин таҳкими дӯстиву ҳамкории халқҳо дар ашъори устод Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан ифода ёфтаанд”,- қайд кард намояндаи сафорати ҶТ.
Манбаъ афзуд, дар назди ҳозирин аз он ҷумла Теша Мӯминов, ҳунарпешаи мардумии Ӯзбакистон шеъри маъруфи «Ҷони ширин»-ро қироат намуд. Ҳамзамон, Ахмедова Олмос Ғафуровна, духтари шоири барҷастаи Ӯзбакистон Ғаффур Ғулом, ки теъдоди зиёди ашъори устод Мирзо Турсунзодаро ба забони ӯзбакӣ тарҷума кардааст, сӯҳбатҳо ва вохӯриҳои худро бо устод Мирзо Турсунзода ба хотир овард. Хонандагони мактаби таҳсилоти умумии № 25 шаҳри Чирчиқ порчаҳо аз ашъори устод Мирзо Турсунзодаро қироат намуданд. Гулчеҳра Бақоева ва А. Шодмонов, овозхонҳои шинохтаи Ӯзбакистон бошанд, бо сурудҳои дилангези худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.{jathumbnail off}