Додситонии кулл: Масҷидҳои ғайрирасмӣ яке аз манбаҳои паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ мебошанд
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 900 масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ табдил ёфта, 638-тои дигар ғайриқонунӣ фаъолият доранд.
Ба иттилои ин ниҳод, бар пояи маълумоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар баробари 3 ҳазору 937 масҷиди расмӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 1565 масҷиди ғайрирасмӣ фаъолият дошта, онҳо пурра ба муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ табдил дода шудаанд: “Дар асл санҷишҳои мо муайян намуд, ки танҳо 927 масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ табдил дода шуда, 638 адади боқимонда бар хилофи талаботи қонун фаъолияти худро идома дода истодаанд”.
Дар робита Додситонии кулл унвонии раиси Кумитаи дин, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 37 санади прокурорӣ ирсол кардааст: “Солҳои охир назорати иҷрои қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ пурзӯр карда шуда бошад ҳам, бино бар ба таври дахлдор фаъолият накардани мақомоти салоҳиятдори соҳа, қонунвайронкуниҳо дар ин самт ба таври воқеӣ бартараф карда нашуда, хусусияти такроршавандаро касб намудаанд”.
Додситонии кулл мегӯяд, “рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҳодисаҳои рӯзҳои 3-4 сентябр муайян намуд, ки яке аз манбаҳои паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҷойи нишасту вохӯриҳои пинҳонии гуруҳҳои ифротӣ масҷидҳои ғайрирасмӣ мебошад”.