Гардиши нав дар қазияи “дояи сарбур”: Гулчеҳра қотил нест!? (ВИДЕО)
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он ду марди миёнасол ҷузъиёти қазияи “дояи сарбур”-ро баррасӣ карда, хулоса мебароранд, ки доя Гулчеҳра Бобоқулова дастпарвардааш-Настяи 4-соларо қатл накардааст.
Муаллифони видео изҳор медоранд, ки қазия саҳнасозӣ шудааст ва дар асл духтари 4-соларо на Гулчеҳра, балки ба эҳтимоли зиёд як марди дигар куштааст, ки дар телевизионҳои Русия нахуст ба ҳайси шоҳид ва баъдан ҳамчун амаки Настяи қатлшуда баромад кард.
Гузоришгарон шахсияти ин шоҳидро ба Олег Белов рабт доданд, ки чанд соли қабл дар Нижний Новгород шаш фарзанд, ҳамсари ҳомила ва модарашро ба қатл расонду ҳанӯз ҳам дар пайгарди пулис қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи Гулчеҳра Бобоқулова, шаҳрванди Узбакистон дар куштори Настяи 4-сола айб эълон кард.