Сардори шӯъбаи ҷароҳии беморхонаи ҳарбии Сараёсати қушунҳои сарҳадӣ дастгир шудааст
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як масъули беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ бо иттиҳоми гирифтани пора хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, дастгиршуда Қаҳҳор Сатторов, сардори шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ буда, барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани як ҷавон аз хешписари ӯ 4000 доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Манбаъ мегӯяд, моҳи ноябри соли 2015 гумонбаршуда 2000 доллари ин маблағро гирифта, овардани 2000 доллари дигар, муодили 16 000 сомониро талаб намудааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ Қаҳҳор Сатторов ҳангоми гирифтани 16 000 сомонӣ дар шаҳри Душанбе кӯчаи Садриддин Айни 35, дастгир карда шуд. Маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд”.
Оҷонсии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия афзуд, нисбати боздоштшуда бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.