25 муассисаи олии касбӣ барои Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон мубориза мебаранд
Академияи илмҳои Тоҷикистон аз баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хабар медиҳад.
Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳо ба “Озодагон” гуфт, сабқат барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 март шурӯъ мегардад: “Дар олимпиада 25 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд”.
Ӯ афзуд, олимпиада аз рӯи 12 самти илмӣ, аз ҷумла математика, физика, кимиё, астрономия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа бо иштироки зиёда аз 300 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир мешавад: “Ҳадаф аз баргузории олимпиада барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм, аз ҷумла ба шӯъбаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад”.
Қисмати ниҳойии сабқат 11 март баргузор мешавад.