Ҷазои нав барои мубодилаи ғайриқонунии асъор: 24 000 сомонӣ ҷарима, 9 соли ҳабс ва мусодира...
Маҷлиси намояндагон имрӯз, 9 март тағйиру илова ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси маъмириро қабул намуд, ки бар асоси он барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор то 9 соли зиндон ва 24 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Азизмуҳамммад Холмуҳаммадзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки тағйироти мазкур муносибатҳо дар бозори асъори кишварро ба танзим медароранд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ дар ҳимоят аз пурзӯр намудани ҷазо барои муомилоти ғайриқонунии асъор, изҳор дошт, ки ҳадаф на фишор, балки ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар ин соҳа мебошад. Ӯ муҳимияти низоми бонкиро дар он арзёбӣ намуд, ки ба ҷайби ҳамаи шаҳрвандон таъсири худро мерасонад. Нуралиев аз фаъол будани бозори сиёҳ дар моҳҳои гузашта зикр карда, изҳор дошт, ки дар даҳ моҳ барои фаъолияти ғайриқонунӣ дар бозори асъор дастандаркоронро 1 миллиону 652 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Ӯ илова намуд, ки ҷаримабандиҳо самараи дилхоҳ надоданд ва афроди алоҳида сарфи назар аз ҷарима такроран ба қонуншиканӣ даст мезаданд.
Ба гуфтаи Нуралиев муҷозот феълан мушаххас шуда, ҳаҷми ҷаримаҳо зиёд карда шуд.
Шамсулло Давлатов, масъули Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи муҷозоти нав изҳор дошт, ки агар шахс бори аввал ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор даст занад ба ҷазои маъмурӣ кашида мешавад: “Агар такрор кунад, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад”.
Ӯ илова намуд, ки ҷазои маъмурӣ, яъне ҷарима барои шахсони воқеӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда (2000-4000 сомонӣ), шахсони мансабдор аз 100 то 200 нишондиҳанда (4000 – 8000 сомонӣ), барои шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 600 нишондиҳанда (12 000- 24 000 сомонӣ) бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин мешавад.
Дар сурати такрори қонуншиканӣ ҳабс аз 4 то 9 сол пешбинӣ гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунгзуории феълӣ ҳаҷми ҷарима барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ барои шахсони воқеӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда ва шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.
Ҷамолиддин Нуралиев дар идома аз муҳайё будани рақобат дар бозори нақди кишвар суҳбат карда, илова намуд, феълан бонкҳое ҳастанд, ки як долларро бо қурби 7,65 сомонӣ пешниҳод мекунанд: “Мо рақобатро муҳайё мекунем. Лекин ҳозир ҳам ҳастанд камбудиҳо, ки мо барои бартараф намудани онҳо кор мекунем”.