Ташкили Кумитаи махсус бо пули БОР барои тақвияти таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи созишномаи қарзию грантӣ барои ҷудо намудани 30 миллион доллари амрикоӣ аз сӯи Бонки осиёии рушдро тасвиб намуд.
Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 9 март зимни муаррифии лоиҳаи мазкур изҳор дошт, ки аз 30 миллион доллари Бонки осиёии рушд 15 миллионаш қарз мебошад ва ин маблағҳо барои тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ дар Тоҷикистон равона мешаванд. Тағоева дар маҷмуъ арзиши барномаи тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникиро 34 миллион доллари амрикоӣ гуфт, ки аз ин ду миллионашро ҳукумати Тоҷикистон ва ду миллион боқимондаро ташкилоти дигар ҷудо менамояд.
Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ илова намуд, ки татбиқи барномаи мазкур моҳи марти соли равон оғоз шуда, то марти соли 2021 идома меёбад. Ӯ таъкид кард, ки барои назорати татбиқи босамари ин лоиҳа аз ҳисоби мақомоти дахлдор Кумитаи махсуси роҳбарӣ ташкил мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон бо зикри аҳамияти мутахассисони касбӣ-техникӣ дар рушди иқтисодиёт аз Тағоева хоҳиш намуд, ки махсус ба омодасозии дузандаҳо, устоҳои техникаи маишӣ, ронандаҳои техникаи вазнин, операторҳо ва дигар мутахассисон аҳамият диҳанд. Раиси Маҷлиси намояндагон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки хатмкунандаҳои феълии литсейҳои касбӣ камхаридор мебошанд.