Талаби 6500 доллар аз зани 46-сола бо таҳдиди куштори фарзандони ноболиғаш
Як сокини 25-солаи ноҳияи Шаҳринав дар тамаъҷӯи, таҳдиди куштори корфармо ва талаби пул муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин мардро кормандони пулис рӯзи 7 март дастгир кардаанд: “Муайян карда шуд, ки ӯ моҳи январи соли 2015 дар хонаи истиқоматии зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муддати 10 шабонарӯз корҳои таъмирӣ анҷом дода, оид ба шахсияти шавҳар ва фарзандони ноболиғи соҳибхона маълумот пайдо мекунад”.
Манбаъ меафзояд, дар моҳи феврали соли равон “бо мақсади тамаъҷӯӣ якчанд маротиба аз рақамҳои гуногун ба телефони мобилии зани 46-сола занг зада, худро муаррифӣ накарда, бо таҳдиди куштор ва расонидани зарари ҷисмонӣ нисбати фарзандони ноболиғаш аз ӯ 6500 доллари амрикоӣ талаб намудааст”.
Ба иттилои вазорат, ҳоло нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.