Шикояти ҳамсари Зайд Саид ба Эмомалӣ Раҳмон: Барои дарёфти ҳақиқату адолат кумак намоед
Латофат Тоирова, ҳамсари Зайд Саид (Саидов Зайд Шерович), соҳибкори зиндонии тоҷик дар номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Рос Азия Инвест” шудааст.
Дар ин номаи шикоятӣ, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” шуд, хонуми Тоирова навиштааст, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои инсониву шаҳрвандиаш илоҷи дигаре ҷуз муроҷиат ба Президентро надорад. Ӯ мегӯяд, тақдири Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Рос Азия Инвест”, ки соли 2007 таъсис ёфта, 51 дарсади ҳиссаи он ба шаҳрванди Русия ва 49 дарсади боқимондааш ба Зайд Саид тааллуқ дорад, нигаронаш кардааст: “Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.с.2013 ҳиссаи ҳамсарам дар ҶСП “Рос Азия Инвест”, ки ба рӯйхати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, ба фоидаи давлат мусодира шуд. То ин дам низ, яъне то эълон шудани ҳукми суд, даромади Ширкат аз иҷораи Маркази зикршуда дар ҳачми 49%-и ҳиссаи ҳамсарам ба суратҳисоби ҳамон Агентӣ интиқол меёфт, зеро бо қарори Агентӣ ба ҳабс гирифта шуда буд. Бо мақсади аз ҳабс озод намудани амвол ва бо истифода аз ҳуқуқу масъулияти ҳамсарӣ ҳанӯз 26 июни соли 2014 ман – Тоирова Латофат бо даъво ба суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда будам. Вале то ба имрӯз тақдири ин муроҷиат маълумам нест - аз суд ягон ҷавобе нагирифтаам”.
Дар идомаи ин номаи шикоятӣ омадааст, “21 феврали соли 2016 ба намояндаи ман Табаров И. нусхаи ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки санаи қабул шуданаш гӯиё 2 сентябри соли 2015 аст, пешниҳод гардид. Тибқи ин ҳуҷҷат гӯиё таҳти раисии муовини раиси суди номбаршуда аризаи даъвогии шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Окушев Серикбол Тулеханович баррасӣ шуда бошаду аз ҳисоби Саидов З.Ш. ба фоидаи ин шахс як милиону сивунуҳ ҳазору шашсаду ҳаштоду як (1039681,01) доллари амрикоӣ рӯёнида шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз 26 декабри соли 2013 бо ҳукми суд ба фоидаи Окушев С.Т. аз ҳисоби Саидов З.Ш. рӯёнидани ҳамагӣ 400 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар карда шуда буд. Ҳамин тавр, бо ҳалномаи сохтакоронаву мурофиаи дар асл вуҷуднадошта судиҷрочии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асадулозода А. бо қарори худаш аз 15 январи соли 2016 49% ҳиссаи ҳамсарам Саидов З.Ш.-ро дар ҶСП “Рос Азия Инвест” ба номи шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Окушев С.Т. расмӣ кунонида, ин шахсро соҳибмулк эътироф мекунад. Аз ин хусус низ танҳо 25 феврали соли 2016 намояндаам Табаров И.Х.аз ҶСП “Рос Азия Инвест” хабар меёбад”.
Ҳамсари Зайд Саид мегӯяд, дар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ аз 26 декабри соли 2013 тамоми амволи ба рӯйхатгирифташудаи шавҳараш бо шумули 49 дарсад саҳмияҳои ширкати “Рос Азия Инвест” ба фоидаи давлат мусодира шуда буд: “Яъне ҳукм давлатикунонии саҳмияхоро дар назар дорад. Пас чӣ гуна судиҷрочӣ ин саҳмияҳоро аз рӯйхат берун намуда, онҳоро ба соҳибмулкии шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Окушев С.Т. додааст? Ва боз дар ҳоле ки мувофиқи оинномаи ҶСП “Рос Азия Инвест” бегонакунии саҳмияҳо ба ғайрииштирокчиёни он иҷозат дода намешавад. Маҷбурам боз такрор намоям: дар ҳукми суд аз 26 декабри соли 2013 зарари гӯиё ба Окушев С.Т. расонидаи шавҳарам 400 ҳазор доллари амрикоӣ муайян шуда, ҷуброни он аз ҳисоби маҳз худи Саидов З.Ш бояд таъмин бишавад. Вале чӣ гуна қарзе, ки ҳаҷмаш бо ҳукми эътиборпайдокардаи суд 400 ҳазор доллари амрикоӣ эътироф шудааст, ба 1039681,01 (як милиону сиюнуҳ ҳазору шашсаду ҳаштоду як) доллари амрикоӣ табдил меёфтааст? Ин қудрату тавоноии дар назари аввал сеҳрангези шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Окушев С.Т.-ро боистифода аз кадом ақлу мантиқи ҳатто соддатарин метавон маънидод намуд? Ё шояд ин баландҳимматии мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷа, ки бо пушти по задани ҳама гуна қонуну қонуният сурат гирифтааст, ҳаққи подош барои “гапгиру гаправо” будани ин шахс аст?”
Латофат Тоирова хостори баргузор кардани санҷиши пурра ва ҳамаҷонибаи беғаразонаи мақомоти дахлдор ба қазияи мазкур шудааст, зеро ба иддаои ӯ, дар мавриди мурофиаи судӣ на Зайд Саид ва на намояндагонаш тасаввуроте надоранд, “зеро касе онҳоро аз ин хусуст на огаҳ кардаасту на даъват”.
Дар охири нома аз раисиҷумҳури кишвар хоҳиш шудааст, ба ин шикоят расидагӣ кунад ва “барои дарёфти ҳақиқату адолат бо истифода аз салоҳияту ваколати волоятон моро кумак намоед”.
Зайд Саид моҳи майи соли 2013, баъди эълони азмаш дар бораи ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи декабри ҳамон сол ӯро бо иттиҳомоте назири сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус 26 сол аз озодӣ маҳрум сохта, моҳи июли соли 2015 ба ин муҳлат 3 соли дигар илова кард.