Forbes Тоҷикистонро барои соҳибкорӣ номуносиб хонд
Маҷаллаи бонуфузи амрикоӣ - Forbes дар раддабандии беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ, Тоҷикистонро миёни 144 давлати дунё дар ҷои 110-ум қарор додааст.
Раддабандии Forbes дар пайи таҳлили вазъи кишварҳои ҷаҳон дар соли 2015, бо назардошти сатҳи фасод, коғазбозӣ, андозбандӣ, озодии тиҷорат ва дигар омилҳои рушди соҳибкорӣ таҳия шудааст.
Гузоришгарон Данияро беҳтарин кишвар барои соҳибкорӣ хонда, кишварҳои наздик ба Тоҷикистон, аз ҷумла Қирғизистонро дар мақоми 95, Қазоқистон-57 ва Русияро дар зинаи 81-ум ҷой додаанд.
Нашри ин гузориш дар ҳолест, ки ахиран Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин раддабандиҳо субъективиянд. Ӯ таъкид кард, "муҳим нест, ки мо дар кадом зина қарор дорем, барои мо муҳим беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.