Вафо Ниятбеков ба курсии сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ нишаст
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Вафо Ниятбековро сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ин вазорат таъин кардааст.
Тавре аз ВУД ба “Озодагон” иттилоъ доданд, фармони оқои Аслов рӯзи гузашта (3 март) имзо шудааст.
Курсии Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВУХ аз моҳи ноябри соли 2015, баъди мушовири сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъйин шудани Абдулфайз Атоев холӣ буд.
Вафо Ниятбеков қаблан сардори ҳамин раёсат буд ва пеш аз он дар Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон кор мекард.