Президенти Белорусия: Тоҷикистонро набояд фаромуш кард
Белорусия дар Тоҷикистон мавқеи устувор дорад. Ин нуктаро Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия дар суҳбат бо сафири нави кишвараш дар Душанбеву Кобул изҳор доштааст.
Бино ба иттилои расонаҳои Белорусия, Лукашенко дар мулоқот бо Олег Иванов, ки 3 март сурат гирифт, гуфтааст, бо раҳбарияти Тоҷикистон муносибатҳои бисёр хуб доранд. “Онҳо ҳам бо мо муносибати хуб мекунанд. Аз ин рӯ, аз ин ҷо метавонем бо кишварҳое, ки дар ҳамсоягӣ қарор доранд, ҳамкорӣ намоем”,-таъкид намудааст ӯ.
Лукашенко дар идома Афғонистонро “давлате бо имкониятҳои бузург” ном бурда, зикр намудааст, “онҷо метавонем барои кишвари худ пешниҳодҳои муфид бигирем. Кишвари бой аст, рушд мекунад, аҳолии зиёд дорад. Дар муносибатҳои стратегӣ минтақаи муҳим аст. Ба ин кишвар бояд ҷиддӣ таваҷҷуҳ кард ва албатта Тоҷикистонро ҳам набояд фаромуш сохт”.