Ю.Раҳмон дар бораи камбудии додситонӣ: Ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро пешгирӣ накардем
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, яке аз камбудиҳои асосии ниҳоди зертобеяш дар соли 2015 саривақт ошкор ва ҷилавгирӣ накардани ошӯби Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим буд.
Юсуф Раҳмон, имрӯз, 3 март зимни ҳисоботи солонааш дар Маҷлиси Миллӣ, гуфт, пешгирӣ нагардидани ҳодисаҳои рӯзҳои 3-4 cентябри соли гузашта, ба нокифоя будани назорати риояи қонунҳо дар қувваҳои мусаллаҳ марбут мебошад: “Дар фаъолияти кормандони мақомот камбудиҳо ҷой доштанд. Нисбати кормандоне, ки ба ин камбудиҳо роҳ додаанд, чораандешӣ карда шуд”.
Додситони кул нагуфт, ки нисбати кормандони гунаҳкори мақомот чӣ чораандешӣ сурат гирифт. Ӯ изҳор дошт, ки барои ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта 199 нафар саркардагон ва иштирокчиён дастгир шуданд: “Айни ҳол 37 парвандаи ҷиноятӣ дар ҳаҷми 310 чилд нисбати ҳамаи 199 нафар бо тасдиқи фикри айбдорӣ, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст”.
Додситони кул гуфт, барои боздошти 39 узви дигари гуруҳ, ошкори манбаҳои маблағгузорӣ ва дарёфти силоҳи боқимондаи ин иттиҳоди ҷиноӣ чораандешиҳо идома доранд.
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон камбудии асосии дигари ниҳоди зертобеяш назорати сусти иҷрои қонунгузории замин ва пурра барқарор накардани зарар дар рафти тафтиши ҷиноятҳо мебошад.