Боздошти ҷавони 31-солаи рус барои ҳамла ба шаҳрванди Тоҷикистон
Мақомоти пулиси шаҳри Маскав аз боздошти як ҷавони 31-солаи рус хабар медиҳад, ки дар ҳамла ба як шаҳрванди 57-солаи Тоҷикистон айбдор мешавад.
Расонаҳои русӣ аз қавли масъулини пулис навиштаанд, дастгиршуда шаби 29 феврал бо корд ин муҳоҷири тоҷикро аз ноҳияи қафаси сина, шикам ва гардан захмӣ кардааст: “Ӯ сари вақт ҷарроҳӣ шуд”.
Пулис гуфтааст, алайҳи боздоштшуда бар асоси банди “з”-и қисми дуюми моддаи 111-и Кодекси ҷиноии Русия (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо истифодаи силоҳ ё ашёи истифодашаванда ба сифати яроқ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.