Убайдуллоев дар бораи нафрати мардум ба мансабдорон: Қонуншиканиҳоятонро мебинанд...
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, дар ҳузури аъзои парлумон, вазирон ва раисони вилоятҳои кишвар аз нақзи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим аз сӯи мансабдорони тоҷик суҳбат кард.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ иттилоъ дод, Убайдуллоев дар хитоб ба ҳозирин гуфт, “99 дарсади онҳое, ки қонуни танзимро вайрон мекунанд, мою шумо, ҳамин ҷо нишастаҳоем”.
Ба таъкиди Убайдуллоев, бештар қонуни танзимро мансабдорони воломақом нақз мекунанд ва мардум инро мебинад: “Вақте мардум мебинанд, ки мансабдорони воломақом қонунро риоя намекунанд, нафраташон меояд”.
Раиси Маҷлиси Миллӣ инчунин аз журналистони кишвар интиқод намуд, ки вақте як-ду одами ба истилоҳ бесоҳибро меёбанд, атрофашон зиёд менависанд, аммо аз ифшои қонуншиканиҳои мансабдорони воломақом метарсанд. Ӯ аз намояндагони ВАО даъват намуд, дар самти ифшои қонуншиканиҳои мансабдорон фаъол бошанду ҳолатҳои риоя нагардидани қонун аз ҷониби мансабдоронро ба мардум расонанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, муборизаро барои ифшои қонуншикании мансабдорон, аз ҷумла риоя накардани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро пурзӯр намояд.