Прокурори генералӣ: Бонкдорҳо пасандози мардумро аз худ кардаанд
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, даҳҳо ҳолати даст задани кормандони бонкҳои кишвар ба мубодилаи ғайриқонунии асъорро ошкор кардаанд.
Додситони кул имрӯз, 4 март зимни ҳисоботаш дар Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон изҳор дошт, ки то ҳол алайҳи 40 корманди бонк барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор ва аз худ кардани пасандозҳои мизоҷон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба иттилои хабарнигори "Озодагон" Юсуф Раҳмон зимни ҳисоботаш мисол овард, ки дар бархе аз намояндагиҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки кормандони бонк пасандозҳои муштариёнро аз худ кардаанд.
Додситони кул афзуд, дар пайи қонуншиканиҳо кормандони бонкҳои кишвар ба буҷаи давлат ҳудуди 48 миллион сомонӣ зарар расонданд. Ба гуфтаи ӯ маҳз дар пайи пурзӯр шудани назорат дар умури бонкӣ қурби асъори хориҷӣ муътадил шуда, аз 9,50-9,80 сомонии қаблӣ барои як доллар, то 7,80-7,90 сомонӣ поин оварда шуд.