Додситони кулл: 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ дар Сурияю Ироқ меҷанганд
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар сафи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксарашон пайрави ҷараёни Салафия мебошанд.
Оқои Раҳмон, имрӯз, 3 март зимни ҳисоботи солонааш дар Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон гуфт, аз миёни тоҷикистониёне, ки феълан дар Сурияю Ироқ меҷанганд, 400 нафарашон аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мебошанд. Хабарнигори “Озодагон” аз ҷараёни ҳисоботи додситони кул иттилоъ дод, ки 147 нафарро аз ҷангҳои Сурия тариқи қаламрави Туркия ба Тоҷикистон баргардондаанд: “Дар дохили Тоҷикистон аз пайвастшавии 31 нафар ба "ДИИШ", ки нияти ҷанг дар Сурияю Ироқро доштанд, ҷилавгирӣ шуд”.
Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, аксари тоҷикистониёне, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, мазҳаби ҳанафияро тарк карда, ба Салафия гаравидаанд. Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди чораандешиҳо раванди гароиши ҷавонони тоҷик ба Салафия майли афзоиш дорад: “Баъди пайвастшавӣ ба Салафия ба Сурияю Ироқ мераванд”.
Изҳороти додситони кул дар ҳолест, ки моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти равияи "Салафия"-ро дар кишвар манъ ва моҳи декабри соли 2014 онро “экстремистӣ” эълон кард.