Дар пайи як амалиёти кормандони миллитсия дар ноҳияи Фирдавӣ пойтахт як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо ҷурми додани пора ба прокуратураи гарнизонии шаҳри Душанбе дастгир гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт муайян карда шуд, ки шаҳрванд Юсупов Абриқул 43 сола, ноҳияи Шаҳритус, вилояти Хатлон, айни замон дар ягон ҷой кор намекунад, барои озод намудани писараш бо прокуратураи гарнизонии шаҳри Душанбе ба маблағи 600 доллари ИМА пора медиҳад.
Гуфта мешавад, Анварҷон Юсупови 20- сола, сокини ҳамон ҷо, бо моддаҳои 373, 391 кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи гарнизонии шаҳри Душанбе дастгир шуда буд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}