Гузоришгари вижаи СММ: Амнияту озодии фаъолон ва журналистони тоҷикро меомӯзам
Девид Кэй, гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон имрӯз, 3 март бо сафари 6-рӯза вориди Тоҷикистон мешавад.
Тибқи иттилои дафтари ҳуқуқи башари СММ сафари Девид Кэй, бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, дар доираи он мулоқот бо вазирони адлия, умури дохилӣ, фарҳанг, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистон дар назар аст.
Девид Кэй изҳор доштааст, ки тайи сафараш ба Тоҷикистон вазъи озодии баён, чораандешии мақомот барои таъмини баҳсҳои озоди оммавӣ, амнияту озодии журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Ба иттилои СММ Девид Кэй дар натиҷаи сафараш ба ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳо барои таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишварро ироа хоҳад кард: “Назару таассуроти аввалияашро гузоришгари махсуси СММ соати 14:00-и рӯзи 9-уми март зимни нишасти матбуотӣ дар дафтари СММ дар Душанбе баён хоҳад кард”.