Э.Раҳмон ангораи наврӯзиро тасдиқ кард: Вазорату идораҳо аз он истифода кунанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ангораи ҷашни наврӯзии соли 2016-ро тасдиқ кардааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ истифода гардад: “Вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ҳангоми тантанаҳои наврӯзӣ аз ин ангора истифода намоянд”.