Мижгона ҲАЛИМОВА
Сокинони эҳтиёҷманди Душанбе мегӯянд, буҳрон ҳам натавонист арзиши хонаҳо дар пойтахти Тоҷикистонро поин бубарад. Соҳибони ширкатҳои сохтмонӣ низ тасдиқ мекунанд, ки нархи манзил дар қиёс ба солҳои қабл тақрибан тағйир наёфтааст.
Як метри мураббаъ манзили навбунёд дар биноҳои баландошёнаи маркази шаҳр вобаста ба ширкати сохтмонӣ аз 4800 сомонӣ ($600) то 9600 ($1200) сомонӣ арзиш доштааст. Ва агар бар ивази 30 000 доллар 50 метри мураббаъ мехаред, ба қавле танҳо соҳиби “чор девори холӣ” мешавед ва бароятон боз тақрибан аз се як ҳиссаи ин пул лозим мешавад, то онро каму беш таъмир созед.
Баъди он ки хабари буҳрони иқтисодӣ доман паҳн кард ва арзиши доллар бо суръат боло рафт, сару садоҳое баланд гардид, ки арзиши манзилҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтаанд. Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе 21 январ дар нишасти хабарие дар пойтахти кишвар гуфт, агар дар се соли пеш як метри квадратии манзилҳо дар маркази шаҳр ба 1400 доллар мерасид, ҳоло то 850-800 доллар поин омадааст: “Дар қисматҳои аз марказ дуртар агар қаблан 800 доллар буд, ҳоло 550-500 долларро ташкил медиҳад”.
Аммо шаҳрвандон мегӯянд, аслан нархҳо арзон ҳам нашудаанд. Салим, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, “вақте 100 доллар 500 сомонӣ арзиш дошт, як метри квадратӣ манзил 800 доллар буд, ҳоло 100 доллар 800 сомонӣ шудааст ва нархи хона ҳамон 800 доллар боқӣ мондааст”.
Ширкатҳои сохтмонӣ ҳам арзон нашудани нархи манзилҳоро тасдиқ мекунанд. Як масъули ширкати “Мостдорзнак”, ки дар маркази Душанбе маҷмааи Бухоро-Паласро месозад, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, арзиши ин манзилҳо дар бинои якуми сохташаванда аз 900 то 1000 долларро ташкил медиҳанд. Бухоро-Палас аз ду бинои 16-ошёна иборат аст, ки бо стандартҳои байналмилалӣ бунёд шуда, қарор аст, то се моҳи дигар ба истифода дода шавад. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, маҷмаа аз таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 100 мошин иборат буда, дар назди он боғчаи кӯдакон ва мактаб барои хонандаҳои то синфи чор низ бунёд мегардад. Дар бораи арзиши хонаҳо ӯ гуфт: “Мо манзилҳои иборат аз 38,66,73,101,121 ва 141 метри мураббаъ дорем. То ошёнаи 10-ум арзиши як метри мураббаъ 1000 доллар ва аз он боло 900 доллари амрикоӣ мебошад”.
Ин масъули “Мостдорзнак” мегӯяд, онҳо имкон надоранд, арзиши манзилҳоро поин бубаранд. “Се сол қабл як метри мураббаъро бо арзиши 1000 доллар фурӯхтаем, агар ҳоло нархро арзон кунем, муштириёни қаблӣ бақияи пули худашонро талаб мекунанд”,-изҳор дошт вай.
Ӯ меафзояд, арзиши хонаҳо дар бинои дуввуми онҳо баландтар аст: “Арзиши 1 метри мураббаъ то қабати 10-ум 1200 ва болотар аз он 1000 доллари амрикоӣ мебошад”.
“Мостдорзнак” асосан ба бунёди пул ё купрукҳо машғул будааст ва масъулини он мегӯянд, бори нахуст аст, ки ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ машғул мешаванд.
Комилҷон Холиқов, директори тиҷоратии ҶСК “Авитсенна”, ки дар шаҳри Душанбе тарҳҳоеро бо номҳои “Ҳушанг”, “Ватан” ва “Симурғ” амалӣ мекунад, ба “Озодагон” гуфт, арзиши ҳар метри мураббаъ манзил дар ин ширкат аз 7,50 то 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд, фурӯши хонаҳо аз пешпардохти муштарӣ вобаста мебошад: “Биноҳои мо аз 16-18 ошёна иборат буда, соли гузашта агар муштарӣ 100 дарсади маблағро пардохт мекард, соҳиби 10 фисад тахфиф мешуд. Ҳоло ин тахфифро то 25-26 дарсад расондем”.
Гуфта мешавад, дар минтақаҳои дуртар аз маркази Душанбе нархи манзилҳо каме фарқ мекунад. Як ҷавони 26-сола, ки ширкати эълони хариду фурӯши манзилҳоро гардон мекунад, бидуни ифшои номаш гуфт, “масалан, дар наздикиҳои бозори “Корвон” як метри квадратӣ 500-550 доллар аст. Дар “Саховат” аз 550 сар мешавад”.
Дар ҳамин ҳол, бархе шаҳрвандон мегӯянд, на ҳама ширкатҳои сохтмонӣ ба ваъдаи худ дар мавриди ба истифода додани сохтмонҳо содиқанд. Шералӣ Шоев, як муҳоҷири тоҷик гуфт, дар яке аз сохтмонҳои пойтахт хона харидорӣ кард, вале натавонист онро дастрас кунад: “Ман дар аввал ними пулро ба ҳисоби ширкат супурдам. Ваъда доданд, ки баъди ду моҳ метавонед хонаро дастрас кунед. Аммо аз ширкат занг зада гуфтанд, бино баъди як сол ба истифода дода мешавад. Ман розӣ нашуда, маблағро бозпас гирифтам. Ман ҳамроҳии бародарам дар муҳоҷират нахӯрда, напӯшида, маблағ ҷамъ кардам, ки хона мехарем, аммо бо бозпас гирифтани маблағ ҳамаи он сарф шуд, акнун намедонам чӣ кор кунам”.
Аксари ширкатҳои сохтмонӣ мегӯянд, ба пули муштариён такя мекунанд. Агар муштарӣ маблағро дар ҷараёни сохтмон пардохт кунад, дар бунёди бино дар вақти муайяншуда мушкиле пеш намеояд.
Сафар Сафоев, корманди як ниҳоди давлатӣ мегӯяд, бо маоши онҳо дар як аср ҳам наметавон соҳиби манзил шуд: “Ба ширкатҳои сохтмонӣ гуфтаниам, ки ба зиндагии мо, кормандони давлатӣ ҳам назар намоянд. Ҳоло мегӯянд, ки нархи хона арзон шудааст, вале 600 доллар барои як метри мураббаъ магар арзон аст? Музди меҳнати мо дар як моҳ зиёдтар аз 60 доллар мешавад. Агар ширкатҳои сохтмонии хусусӣ ҳоли кормандони давлатиро фикр намекунанд, бигзор ҳукумат ширкатҳои давлатиро таъсис диҳад, ки барои мо кормандони давлатӣ бо нархи арзон хона сохта, имкон диҳанд, маблағашро дар чандсол супорем”.
Сабрина Хомушова, як зани ҷавон ҳам мегӯяд, “ширкатҳое, ки арзиши як метри мураббаъи хонаро 1200 доллари амрикоӣ гузоштаанд, боре фикр мекунанд, ки мо аз куҷо ин маблағро пайдо мекунем?”