СССР сомонаи интернетиашро фаъол кард
Ҳафтаномаи СССР торнамои расмиашро роҳандозӣ кардааст.
Ин сомона бо нишонии “cccp.tj” қобили дарёфт буда, аз бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, варзиш, иҷтимоъ, маориф ва ислом иборат аст. Сайф Достиев, сардабири нашрияи “СССР” бо эълони фаъол шудани ин торнамо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст: “Камбуд дорад ва бисёр, вале мусалмонӣ оҳиста-оҳиста гуфтаанд. Мо Метавонем!"