Суғд: Мусодираи 336 килограмм маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми даҳ моҳи соли равон аз тарафи кормандони милиса дар шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 336 кг. 225 гр. маводи нашъовар боздошт ва мусодира карда шуд.Ин миқдор нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли ҷорӣ 344 кг кам мебошад: «Дар 10 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриконунӣ зиёда аз 680 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд».
Манбаъ афзуд, аз ин миқдор, зиёда аз 22 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 4 кг гурӯҳи бангдона, 279 кг афюн ва 28 килояшро дигар намудҳо ташкил медиҳад.Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 190 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 -и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}