Эълони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни журналистони Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз 1 то 5-уми апрел дар Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейболро миёни журналистон баргузор менамояд.
Навруз Қурбонов, масъули дафтраи матбуотии ин ниҳод, ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки мусобиқа барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” доир хоҳад шуд: “Дар мусобиқаи мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма дар шакли даставӣ метавонанд иштирок намоянд”.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур 5 рӯз пешбинӣ шудааст, вале дар сурати номнавис шудани дастаҳои зиёд, эҳтимол аз 5 рӯз бештар давом кунад.
Чунин мусобиқа соли гузашта низ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир гардида буд, ки дар он дастаи “Фараж” ҷои якум, “Ҷаҳоннамо” ҷойи дуюм ва “Озодагон” ҷои сеюмро ишғол кард.