Боздошти ноболиғ барои дуздии ҷавоҳирот
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти як ноболиғи 16-сола бо иттиҳоми рабудани ҷавоҳироти тиллоӣ хабар дод.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки боздошти ин ноболиғ дар пайи шикояти як сокини 26-солаи шаҳри Панҷакент сурат гирифтааст. Ӯ гуфтааст, “25 феврли соли равон, тахминан соати 08:30, афроди номаълум пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 4 ҳазору 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Манбаъ мегӯяд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ кормандони милиса ноболиғи 16-сола, хонандаи яке аз макотиби таҳсилоти умумӣ, бошандаи шаҳри Панҷакентро бо гумони содир кардани ин дуздӣ дастгир намудаанд: “Айни ҳол, далелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рўи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва тафтишот идома дорад”.