Марди тоҷик-муттаҳами нав ва изҳороти дояи сарбур: Худо фармуд... (ВИДЕО)
Додгоҳи Маскав имрӯз, 2 март Гулчеҳра Бобоқулова, дояи 38-сола аз Узбакистонро, ки дар буридани сари Настяи 4-сола муттаҳам мешавад, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Бо қарори додгоҳ Бобоқулова зимни тафтишот то 29-уми аперл дар боздошт хоҳад буд ва худи муттаҳам изҳор доштааст, ки мухолифате надорад.
Дар оғози мурофиа ба суоли хабарнигорон дар мавриди сабаби даст задан ба ин ҷинояти мудҳиш Бобоқулова изҳор доштаст, ки Худо фармуд. Ӯ зимни мурофиа иттилоъ додааст, ки аз шавҳари аввалаш 3 писар аз 16 то 20-сола дорад, ки ҳоло ҳамаашон дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд: “Шавҳарам баъди таваллуди фарзанди сеюм маро ба кӯча ронд. Фарзандонам дар ҳар тараф зиндагӣ мекунанд. Яке бо шавҳари собиқ, дигаре бо хоҳари ӯ ва сеюмӣ бо падари ман зиндагӣ мекунанд. Онҳо маро ба кӯча ронданд. Магар ин аз рӯи одамгарист?”.
Расонаҳои Русия навиштаанд, ки Бобоқулова дар Маскав бо як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзистӣ доштааст ва феълан ӯ яке аз таҳрикдиҳандагони Гулчеҳра ба ин ҷинояти мудҳиш арзёбӣ мешавад: “Кофтукоби ҳамзисти Бобоқулова ва дигарон, ки ӯро ба ифротгароӣ моил кардаанд, идома дорад”. Видеои мурофиаи додгоҳии Бобоқулова: