Амрико васиятнома ва 112 ҳуҷҷати махфии Бин Лоданро ифшо кард
Дафтари мудирияти иттилооти миллии Амрико васиятномаи дастнависи Усома Бин Лодан ва 112 мадраки дигари мутааллиқ ба ӯро, ки то ҳол махфӣ буданд, мунташир кардааст.
Ба гузориши расонаҳои Ғарб интишори ин аснод бо ҳамкории ҳафт ниҳоди иттилоотӣ ва амниятии Амрико ва Кохи Сафед зери назари Созмони иттилотии марказии Амрико (CIA) сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки ин аснод дар ҳамлаи неруҳои амниятии Амрико ба махфигоҳи Бен Лодан дар Абятободи Покистон дар соли 2011, ки дар ин амалиёт худи Бен Лодан кушта шуд, ба дасти неруҳои амрикоӣ уфтодаанд.
Бен Лодан дар ин васиятномаи худ навишта ва хостааст, ки бахши аъзам – 29 миллион доллари сарвати ӯ дар “ҷиҳод дар роҳи Худо” ва боқии он байни бастагону наздиконаш тақсим шавад. Дар ваисятномаи гуфта шудааст, ки пул дар Судон аст, вале гуфта нашуда, ки пул дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад. Ва ҳамчунин ишора нашуда, ки ин қадар маблағ нақд аст ва ё дар шакли мулку моликияти дигар.
Бен Лодан аз бастагонеаш, ки муддаии мерос мешаванд хостааст, ки васияташро ба ҷо оранд ва миқдори пули дар Судон бударо дар роҳи ҷиҳод масраф намоянд.
Дар мадракҳои дигаре, ки интишор шудаанд баъзе аз сиру асрори роҳбарияти марказии гуруҳи “Ал-Қоида” ва ихтилофоти он бо бахшҳояш низ ошкор шудааст. Аз ҷумла дар яке аз мадракҳо дар мавриди ихтилоф бо шохаи “Ал-Қоида” дар Ироқ сухан меравад, ки ҳоло ҳамин гуруҳ ташкилгари гуруҳи ба ном Давлати исломӣ (ДИИШ) дониста мешавад.
Дар миёни ин аснод ҳамчунин пешнависи як суханронии тӯлоние ёфт шудааст, ки бар асоси он Бен Лодан аз ҷанги вайронгаре миёни ИМА ва Эрон пешбинӣ намудааст: “Садои ҷанг дар Шарқу Ғарб бадар омада дар остонаи ҷанги ҷаҳонии савум раиси Кохи Сафед минтақаи моро таҳдид мекунад, ӯ Эрон ва муттааҳидонашро дар назар гирифтааст”.
Дар яке аз мадракҳои дигар, Бен Лодан аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки яке аз ҳамсаронаш дар Эрон ба дандонпизишк муроҷиат кардааст ва мумкин аст фурсате ба Эрон дода бошад то як радёб (детектор)-и кӯчакеро дар дандони ӯ ҷо карда бошанд. Дар ин нома аз ҳамсараш хоста буда, ки таърихи дақиқи муроҷиат ба дандонпизишк ва ҳар дармонеро, ки барояш анҷом шуда бо ҷузъиёташ ба ёд биоварад.
Аз ҷузъиёти асноди мунташира маълум мешавад, ки роҳбари “Ал-Қоида” эҳтимолияти кушта шудани худро бисёр қавӣ медонистааст. Дар як номаи дигар ба падараш, дар соли 2008 навиштааст: “Агар кушта шудам бароям дуо ва бисёр корҳои хайр кунед, чун ба дуои хайри Шумо барои расидан ба манзили охират бисёр ниёз дорам”.
Дар яке аз номаҳои дигар, ки мухотаб “умуми уммати исломӣ” мебошад аз пешрафтҳои “ҷиҳоди муқаддас” ва шикастҳои Амрико дар Афғонистон суҳбат кардааст: “Мо ба даҳумин соли ҷиҳод расидем ва Амрикову муттааҳидонаш ба дунболи сароб ҳастанд ва дар дарёи бесоҳиле гум шудаанд. Онҳо хаёл мекарданд ҷанг осон хоҳад буд ва дар чанд рӯз ё ҳафта ба аҳдофи худ хоҳанд расид. Бинобарин аз назари молӣ омода набуданд ва ҳимояти мурдумиро ҳам надоранд то ҷангро барои як даҳа ё бештар идома диҳанд”.
Бен Лодан навишта, ки Амрико дар ботлоқи Афғонистон гир мондааст ва вазъияти Амрикоро ба вазъияти Шӯравӣ дар солҳои охирини ишғоли Афғонистон мушобеҳ медонад.
Дар як номаи дигар Бен Лодан аз корҳои “Ал-Қоида” дар сарнагун кардани режими Қазофӣ дар Либӣ ва кушта шудани ӯ ситоиш мекунад.