Маҳкумияти Искандаров, ки героинро бо “чек” мефурӯхтаст
Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Иваново, Раҷаб Искандаров, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо шеваи ғайриоддӣ боздошт шудааст, ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои додситонии вилояти Иваново, дар пайи боздошти як нашъаманд, аз ӯ миқдори ками героин дарёфт гардид, ки дар коғази расидҳо (чек) аз ошхона бастубанд шуда буд: “Дар расидҳо, рақами суратҳисоби бонкии Раҷаб Искандаров сабт гардида буд”.
Манбаъ мегӯяд, Искандаров ҳангоми ҷобаҷокунии навбатии героин дар паноҳгоҳҳо боздошт гардида, аз хонаи иҷорааш як кило героин дарёфт шуд: “Додгоҳ шаҳрванди Тоҷикистонро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор ба 7 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард”.
Тибқи иттилои додситонии Иваново феълан қарори додгоҳ ҳукми қонунӣ нагирифтааст.