Аз 5 то 14 сол. Ҳукми се сокини “салафӣ”-и Фархор
Додгоҳи ноҳияи Фархор 3 сокини ин ноҳияро дар узвият ба гуруҳи “Салафия” муҷрим шинохта, дар маҷмӯъ онҳоро барои 25 сол равонаи зиндон кардааст.
Бо ҳукми додгоҳ, Хушназар Ғаффоров 5 солу 6 моҳ, Сайидмуҳаммад Ғаффоров 6 ва Миралӣ Ризоев 14 сол аз озодӣ маҳрум шуда, ин муҳлатро дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр пушти сар хоҳанд кард.
Ин афрод охирҳои соли гузашта аз ҷониби мақомот боздошт шуда, иттилоъ дода шуд, ки аз онҳо микдори зиёди адабиёти зиддимазҳабӣ ёфт шудааст.
Моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти равияи "Салафия"-ро дар кишвар манъ ва моҳи декабри соли 2014 онро “экстремистӣ” эълон кард.