99500 сомонӣ барои беҳтарин беморхона, дорухона, табиб...
Ҳукумати вилояти Суғд барои қадрдонии беҳтарин муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқат наздики 100 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.
Аз дафтари матбуоти вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, озмуни беҳтарин муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқат бар пояи як қарори раиси вилоят дар чорчуби таъмини иҷрои “Барномаи вилоятии “Соли 2016 - соли Фарди солим” гузаронда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, озмун дар ду марҳила - дар сатҳи муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо ва дар сатҳи вилоят, доир мегардад: “Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни “Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарини соли 2016” дар ҷамъбасти иҷроиши “Барномаи вилоятии “Соли 2016 - соли Фарди солим” моҳи ноябри соли 2016 сурат мегирад”.
Дафтари матбуоти вилояти Суғд мегӯяд, бар асоси низомномаи озмун, ба “Муассисаи маркази вилоятии беҳтарин - 30 ҳазор сомонӣ, Беморхонаи марказии ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и беҳтарин – 30 000, Беморхонаи минтақавии беҳтарин - 10 000, Маркази саломатии ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и беҳтарин 5 000, Маркази саломатии деҳотии беҳтарин - 3 000, Дорухонаи беҳтарин 1000, Беҳтарин табиби соҳаи ҷарроҳӣ - 5 000, Беҳтарин табиби соҳаи амрозии дарунӣ 5 000, Беҳтарин табиби оилавӣ 5 000, Беҳтарин табиби озмоишгар 5 000 ва Беҳтарин ҳамшираи шафқати сол - 1500 сомонӣ мукофот тақдим мегардад”.