Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон меравад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи июни соли равон ба Узбакистон меравад.
Дар ин бора манобеи “Озодагон” иттилоъ дода, ҳадаф аз сафари раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Тошканд иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ карданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷаласаи СҲШ таҳти раисии Узбакистон 23-24 июни соли 2016 дар назар аст. Ба иттилои манбаъ чорабиниҳо дар давраи раисии Узбакистон ва омодагиҳо ба ин ҷаласа ахиран дар мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе баррасӣ гардиданд.