“Ҷаҳони андеша” тағйирот ба Қонуни асосиро ба баҳси озод мекашад
Дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки 4-уми март соати 14.00 баргузор мегардад, масъалаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонун ба баҳс кашида мешавад.
Акмалҷон Неъматов, доктори улуми ҳуқуқ ва мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ин ниҳод ба унвони суханрони асосӣ дар мавзуи “Шарҳи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ хоҳад намуд.
Раъйпурсии умумихалқӣ барои тағйири Сарқонун 22-майи соли ҷорӣ дар назар аст. Бар асоси ин тағйирот Пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадиаш ба президентӣ бархӯрдор хоҳад шуд ва дар баробари ин, синни номзадҳо ба президентӣ аз 35 соли феълӣ ба 30 сол поин оварда мешавад. Инчунин мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ва маблағгузории аҳзоби сиёсӣ аз хориҷи кишвар мамнӯъ мегардад.
Зимнан ин нахустин баҳси озод дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар мебошад.