(ВИДЕО) Зане дар Ваҳдат гӯшвори духтарони хурдсолро медуздад
Дар шаҳри Ваҳдат зани ношиносе гӯшвори кӯдакони хурдсолро рабудааст. Дасти кам чор хонандаи синфи яки мактаби №1 ба номи Н.К.Крупская ба доми ин хонум афтидаанд.
Ин хонандаҳо дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, он занро қаблан надида буданд ва рӯзе, ки гӯшворҳояшонро гирифт, ҳамроҳаш ду кӯдаки хурдсол дошт. Бадахшон, яке аз донишомӯзон мегӯяд, вақте аз мактаб берун шуда, сӯи хонаашон мерафтанд, зане наздашон омада гуфт, агар ҳамроҳаш бираванд, барояшон ширинӣ мехарад: “Гуфтам, ки ба мо қанд лозим нест. Аз модарам метарсам ва ҳамроҳи шумо намеравам. Аз дастам гирифта назди бинои нимсохт бурд. Аз ҷайби духтараш нохунгиракро бароварда, аввал гӯшвори маро баъд аз Умедаро гирифт”.
Ин хонандаи мактаб меафзояд, баъди ин онҳоро назди беморхона гузошта, ғайб зад. Умеда, донишомӯзи дигар мегӯяд, он зан барояшон донаи офтобпараст ва пуфак тақдим кард: “Ба мо гуфт, ба атроф нигоҳ кунед, ки касе наояд”.
Мусаббиҳа, хонандаи дигари мактаби №1, ки ҳамчунон гӯшворҳояшро он зан гирифтааст, мегӯяд, он зан гуфтааст, ки падарашро мешиносад: “Номи падарамро пурсид. Вақте номашро гуфтам, гуфт ки падаратро мешиносам. Вақте гӯшворҳои моро гирифт, гуфт, ҳоло меояму ба шумо яксомонӣ медиҳам, аммо дигар наомад”.
Ин ягона ҳолати дуздидани гӯшвори кудакон дар Ваҳдат нест. Шарифмоҳ, як сокини ин шаҳр ба “Озодагон” гуфт, тақрибан моҳе қабл гӯшвору курткаи фарзанди синфи якумашро дуздида буданд: “Духтари ман дар мактаби №1 таҳсил мекунад. Нақл кард, ки вақте аз роҳ гузаштанӣ будам, як зан, ки ҳамроҳи ду кӯдак дошт, омада маро аз пеши хонаамон дуртар бурд. Даҳонамро дошта, гӯшвору курткаамро гирифт”.
Сокинони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, соли сипаришуда ҳам чунин ҳолатҳо рух дода буд.
Наргис Додихудоева, роҳбари синфи 1-и “ғ”-и мактаби №1-и шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди шунидани ҳодиса дар ҳолати “шок” қарор гирифт. Ӯ мегӯяд, “рӯзи 23 феврал, соати 11:15 дақиқа дарсро тамом кардем ва кӯдаконро аз роҳи мошин гузаронида, ба мактаб баргаштам. Дар синфҳои 4 дарс доштам. Аз миён 1 ё 2 соат гузашт, ки бародари як толибаи дигарам занг зада гуфт, дар синфатон Бадахшон ва Умеда ном духтар доред? Гуфтам, бале. Он кас гуфт, ки касе гӯшворҳояшонро гирифтаасту ҳоло онҳо дар назди беморхонаи марказӣ гириста истодаанд. Он нафар духтаронро гирифта ба мактаб овард”.
Хонум Додихудоева мегӯяд, ӯ волидони ин хонандаҳоро даъват намуд ва онҳо фарзандонашонро гирифта бурданд. Ин омӯзгор аз бепарвоии бархе волидон шикоят кард: “Соат аз 1-и рӯз гузаштааст, ягон падару модар ба ман занг намезанад, ки фарзандаш куҷо асту чаро дер ба хона меояд. Ин кор пас аз дарс ва берун аз мактаб рух додааст, бояд падару модарон аз рафту омади фарзандони худ бохабар бошанд. Вақте кӯдаконро оварданд гириста, мегуфтанд, ки “моро очам мекушад, гӯшворҳоямонро гум кардем”.
Масъулини мактаби мазкур тасмим доранд, дар робита ба ин қазия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят баранд. Дар акс Наргис Додихудоева