АКС: Коҳиши қурби ошкору пинҳони доллар дар Душанбе
Қурби як доллари амрикоӣ дар бозори нақди Тоҷикистон поин рафта, имрӯз, 1-уми март арзиши он дар бонкҳои тиҷоратии Душанбе аз 7,80 то 7,86 сомонӣ нишон дода шудаст.
Бонки “Спитамен” қурби долларро имрӯз зимни харид 7,80 ва зимни фурӯш 7,82 сомонӣ нишон додаст. Арзиши 1000 рублро мутаносибан 102-104 сомонӣ ва як евроро 850-853 муайян намудаст.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби як долларро барои 1 март, 7,86 сомонӣ, қурби 1000 рублро 101 сомонӣ ва арзиши як евроро 8,57 сомонӣ муқаррар кардаст.
Ба гуфтаи ҳолдонҳо қурб дар бозори пасипардагии асъор низ поин рафта, аз қурби расмӣ ҳамагӣ 5 сомонӣ фарқ мекунад ва феълан арзиши як доллар баробари 7,90 сомонӣ мебошад.