Душанбе: Рашки шавҳари ҷавон бо кордзанӣ анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 28-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамсари 32-солааш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод тахминан соати 22:00-и шаби 28 ба 29-уми феврал шавҳари ҷавон дар хонаи истиқоматияш аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш муноқиша карда, бо корд ба ӯ ҳамла намудааст: “Шавҳар бо корди ошхонагӣ якчанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш зарба задааст. Дар натиҷа, зани ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Манбаъ афзуд, феълан алайҳи шавҳар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.