Бақияи умумии қарзҳо тамоюли афзоишро идома дода, дар қиёс ба ҳамин санаи соли гузашта 34,1 фоиз зиёд шуд ва ба 4,6 миллиард сомонӣ расидааст.
Тавре ба «Озодагон» аз хадомоти матбуотии БМТ иттилоъ доданд, аз он 22,7 фоиз ё 2,1 миллиард сомонӣ ба қарзҳо бо пули миллӣ ва 45,8 фоиз (2,5 миллиард сомонӣ) бо асъори хориҷӣ рост меояд. Дар таркиби афзоиши ҳиссаи қарзҳои кӯтоҳмуддат ба қарзҳои дарозмуддат бештар мебошад. Аз ҷумла бақияи қарзҳо 67,3 фоизро (3,1 миллиард сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 32,7 фоиз (1,5 милливард сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат тадриҷан зиёд шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60,0 фоиз расидааст.
Ҳамчунин, фоизи миёнавазни қарзҳо бошад, дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,1 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 22,0 фоизи солонаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,3 ва 1,4 банди фоизӣ кам мебошад. Қарзҳои хурди додашуда, низ бо баланд гардидани сатҳи талабот, дар моҳҳои январ-сентябр рушд ёфта, 1,8 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 36,6 фоиз зиёд аст. Аз ин маблағ 394,8 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29,5 фоиз зиёд мебошад,-афзуд манбаъ. {jathumbnail off}