Пеш аз сафар: Бердимуҳаммедов сафир дар Душанберо иваз кард
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон Ишонқулӣ Аманлиев, сафири кишвараш дар Душанберо аз мақомаш барканор кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои туркманӣ, сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон Чорӣ Атаев таъин шудааст. Президенти Туркманистон ба Атаев, ки қаблан курсии вазири сохтмону меъмориро ишғол мекард, унвони сафири фавқулодда ва мухторро додаст.
Тағйири сафири Туркманистон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки эҳтимол моҳи майи соли равон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов бо як сафар ба Душанбе биёяд.