Интиқоди ноиби раиси Бонки миллӣ аз тақлид ба либоси бегона
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз баргузории силсила мулоқотҳо бо кормандони ин ниҳод бо ҳадафи тарғиби сиёсати ҳукумат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Икромов, муовини раиси Бонки миллӣ давоми моҳи феврал бо кормандони зинаҳои гуногуни бонк мулоқот намуда, аз вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ, авҷи ҷиноятҳои муташакили фаромарзӣ суҳбат намуда, аз ҳозирин даъват намудааст, "дар ҳифзи сулҳу суббот ва амнияти давлату миллат доимо масъулият эҳсос кунанд".
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, Сироҷиддин Икромов дар мулоқотҳо аз ҷумла таъкид кардааст: “Оромиву осудагии ҳар кадоми мо аз оромиву ободии кишварамон вобастагӣ дорад. Баҳри расидан ба ин мақсад, ҳар як шаҳрванди кишварамонро зарур аст, ки дар масъалаҳои амнияти давлатӣ зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд. Дар робита ба ҳамин масъала, бояд кору пайкор ва масъулияти баланди худро ба тарбияи насли наврас, ҷомеа ва хусусан фарзандони худ равона созем. Имрӯзҳо ҳолатҳоеро дучор мешавем, ки насли наврас аз нодонӣ ба урфу одат ва либоспӯшиҳои мардуми бегона тақлиди кӯр-кӯрона мекунанд, ки ин амалҳо боиси норозигӣ дар ҷомеаи суннатӣ гаштааст. Тақлид ба анъанаҳои бегона, дурӣ ҷӯстан аз урфу одатҳои анъанавӣ барои давлату миллат пайомади нек нахоҳад дошт. Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандориву ватанхоҳӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму ойини миллии худ тарбия намоем”.
Ба иттилои манбаъ, оқои Икромов дар идома аз кормандони бонк даъват намуда, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд: “Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст”.
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои гузарондани чунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни кормандон ба дигар бонкҳои тиҷоратӣ низ тавсия дода шудааст.
Дар акс: Сироҷиддин Икромов