Саркашӣ аз пардохти қарз қариб қарздоронро аз манзил маҳрум кард
Гуруҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мехостанд, ташкилоти қарзии хурди Русияро фиреб диҳанд, вале бо қонун рӯбарӯ шуданд.
Парвандаи додгоҳии дар Бишкек оғоз шуда, баъди дарёфти амр ба суди вилоятҳои Ҷалолобод ва Иссиқкӯл ирсол гардид. Иштирокдорони асосии парванда муҳоҷирони меҳнатӣ ва хешовандони онҳо буданд.
Гуруҳе аз қирғизистониҳо барои кор бар Русия рафта, он ҷо аз ширкати “Мол Булак” қарзи гуруҳӣ гирифтаанд. Бо гирифтани маблағи калон онҳо талош кардаанд, онро пардохт накунанд. Бо гузашти моҳҳо қарздорон на қарзро баргардонда ва на ба муроҷиатҳои намояндагони ташкилоти қарзии хурд дар бораи пас гардондани он гӯш додаанд. Дар ниҳоят қарздиҳанда маҷбур мешавад, ба Шӯъбаи ҷустуҷӯ ва рӯёнидан ва дертар ба судҳои Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат кунад.
Иҷрочиёни суд нисбати гурӯҳи қарздорон ва кафолатдиҳандагони онҳо чораҳо андешиданд. Ба онҳо пешниҳод гардид, давоми 10 рӯз амри судро ихтиёрӣ иҷро намоянд. Пас аз гузаштани ин муҳлат иҷрочиёни суд мувофиқи қонун рӯйхат тартиб дода, амволи қарздоронро ба ҳабс гирифтанд.
Волидони қарздорҳо ба Шӯъба муроҷиат намуда, дархост карданд, ки ариза аз суд гирифта шавад, бар ивазаш ваъда доданд, қарзро пурра пардохт мекунанд. Аз рӯи ҷадвали тартибдодашуда волидони мизоҷон уҳдадор шуданд, тамоми маблағи қарзро давоми як моҳ баргардонанд. Мувофиқи шартнома танҳо пас аз пурра пардохт гардидани қарз амволи қарздорон аз ҳабс озод мешавад.
Ба иттилои иштирокчиёни парванда, мизоҷон уҳдадориҳои нави худро дар муҳлати муқарраршуда иҷро карда, аз амволи худ маҳрум нашуданд. Бо кушиши сарпечӣ аз пардохти қарз қарздорон бо қонун рӯбарӯ шуданд ва барои баргардонидани қарзи ташкилоти қарзӣ маблағи хеле калон ҷамъ карданд. Ташкилоти қарзӣ мегӯяд, қарздорон метавонистанд корро то ҳадди чораҳои ниҳоӣ набаранд, агар сари вақт қарзро пардохт мекарданд ва ё ба ширкат барои таъхири муҳлати пардохт ариза менавиштанд.
Дар сохтори ташкилоти қарзӣ аксияи “Некӣ туҳфа кун” амал мекунад, ки бар асоси он ҷаримаи шахсони муроҷиатнамуда бахшида шуда, тартиби нави пардохт муайян мегардад. Аксияи мазкур то охири феврали соли 2016 идома меёбад.
“Мол Булак” ба қарздорон имкон медиҳад, ки бидуни ҷалби чораҳои судӣ қарзро пардохт намоянд.
Намояндагони ширкат изҳор медоранд, ки пас аз анҷоми иқдоми мазкур нисбати ҳамаи қарздорон чораҳои ҷиддӣ бо муроҷиат кардан ба додгоҳ андешида мешавад ва маблағҳо ҳатман ситонида мешаванд. Қарзҳо ба касе бахшида намешаванд!
Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамаи ихтилофу нофаҳмиҳо телефони ташкилоти қарзиро нашр мекунем, ки ба воситаи он қарздорон ва кафолатдиҳандаҳо метавонанд муроҷиат намоянд. Телефон дар Русия 8-800-555-71-71 (занг дар ҳудуди Русия ройгон аст).
24.kg