Ҳабси абади Қаюмов ва сухани ниҳоии ӯ: Худоё ман гунаҳкор нестам
Додгоҳи шаҳри Истанбули Туркия Сулаймон Қаюмов, сокини ноҳияи Восеъро дар қатли Умаралӣ Қувватов, бунёдгузори “Гуруҳи 24” гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” додгоҳ рӯзи 26 феврал бо назардошти омилҳои махсусан сангини ин ҷиноят Қаюмовро ба ҳабси абад маҳкум кард. Манбаъ гуфт, Қаюмов дар мурофиа бо тарҷумон таъмин шуд ва зимни ироаи суҳани ниҳоияш изҳор доштааст, ки “Худоё, ман ин ҷиноятро содир накардаам”. Ӯ дар хитоб ба ҳозирини мурофиа изҳор доштааст, ки бо Қувватов узви як гуруҳ буд ва ҳеч далелеро барои даст задан ба ин ҷиноят надоштаст.
Аммо додгоҳ ҷониби додситониро ҷонибдорӣ кардааст, ки қаблан хоста буд, то Сулаймон Қаюмов, муттаҳами асосӣ дар қатли Умаралӣ Қувватов ба ҳабси абад дар зиндони низомаш шадид маҳкум шавад.
Сулаймон Қаюмов, ки ӯро сокини ноҳияи Восеи Тоҷикистон медонанду се моҳ қабл аз қатли Қувватов ба “Гуруҳи 24” пайвастааст, тибқи иттилои расонаҳои Туркия, Қувватовро ҳамроҳ бо зану фарзандонаш шоми 5 марти соли гузашта ба меҳмонӣ даъват карда, заҳролуд кардааст: “Баъди истеъмоли ғизо Қувватов бо наздикон худро нороҳат эҳсос карда, ба хиёбон мебароянд, то беморхона раванд, вале ҳангоми ба берун баромадан нафаре аз пушт ба сараш бо таппонча шиллик мекунад”.
Баъдан, расонаҳои туркӣ иттилоъ доданд, нафаре, ки ба сари Қувватов тир холӣ кардааст, тоҷик будааст, чун чанд калима бо забони тоҷикӣ гуфтааст. Наздикони Умаралӣ Қувватов гуфтаанд, Қаюмов ҳангоми хӯроки шом бисёр шубҳаовар рафтор мекард ва бо тахмини зиёд заҳрро ба ғизо омехта кардааст.