Зарифӣ афзуд, мо бори дигар омодагии худро дар мавриди минбаъд ҳам пешкаш намудани имкониятҳои марказҳои омӯзиши сарҳадчиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Коллеҷи минтақавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, тасдиқ мекунем.Дар айни замон Тоҷикистон ба омодакунии кадрҳои соҳибихтисос барои эҳтиёҷоти шаҳрвандии Афғонистон саҳми фаъол мегузорад. Имрӯз мо пешниҳод дорем, то дар қаламрави Тоҷикистон Маркази гуногунсоҳаи касбӣ-техникӣ баҳри омӯзонидани мутахассисон барои ниёзҳои хоҷагии халқи Афғонистон бунёд шавад ва аз ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат дар татбиқи ин лоиҳа даъват ба амал меорем. Ҳамрохон Зарифӣ дар идомаи суханрониаш гуфт, мо боварӣ дорем, Конфронси панҷуми ҳамкориҳoи иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCА V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе зери сарпарастии ташаббуси «Роҳи Нави Абрешим» барпо мегардад ва дар ҳошияи он анҷумани соҳибкорон ва ҳамоиши олимону муҳаққиқон сурат мегирад саҳми арзандае ба ин раванд хоҳад гузошт.Тоҷикистон татбиқи тамоми лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавиро дар соҳаҳои коммуникатсия ва нақлиёт, ки Афғонистонро дарбар мегиранд, пуштибонӣ менамояд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Афғонистонро панҷ пули автомобилгард аз болои дарёи Панҷ бо ҳам мепайвандад, сохтмони як пул дар ноҳияи Шӯрообод шурӯъ шудааст, сохтмони ду пули дигар дар мавзеъҳои Кокул ва Айваҷ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин илова кард, ки моҳи октябри соли равон ифтитоҳи расмии хати интиқоли барқи 220 кВ аз НОБ Сангтуда-1-и Тоҷикистон то шаҳри Пули Хумрии Афғонистон анҷом ёфт ва он имкони интиқоли қувваи барқи арзонро ба Афғонистон фароҳам меоварад.Новобаста ба ихтилофи назарҳо ва диди мухталиф ба услубҳои ҳалли масоил, зарурати таъҷилии пайдо ва қабул намудани қарорҳои якдилона бар нафъи пойдории амну субот дар Афғонистон вуҷуд дорад. Ин имконияти хуб барои таъсис додани василаи мусоид ҷиҳати татбиқи муассир ва созгори ин қарорҳо фароҳам меоварад. Мо бо шумо бояд на мушкилоту ҳадафҳои мағруру муғризонаи минтақавӣ ё миллиамонро, балки манфиатҳои мардуми азияткашидаи афғонро аввалиндараҷа шуморем. Аз қарорҳои имрӯз қабулшуда ва қарорҳое, ки дар Бонн қабул хоҳанд шуд, ояндаи вазъи тамоми минтақаи Осиё вобастагии бевосита дорад.{jathumbnail off}