Боздошти корманди бонк бо гумони пешниҳоди ғайриқонунии қарз
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 33-солаи ноҳияи Нуробод хабар додааст, ки дар “ғайриқонунӣ додани қарз” муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда, ки дар яке аз бонкҳои ноҳия фаъолият мекардааст, “соли 2014 ба шаҳрвандон -- марди 62-сола ва марди 49-солаи сокинони ноҳияи зикргардида ба маблағи 220000 сомонӣ ғайриқонунӣ қарз (кредит) додааст”.
ВУД мегӯяд, нисбати далели мазкур корҳои тафтишотӣ идома дорад.