ФСКН: Зане ки ҳероин мефурӯхт, дар боздошт таваллуд кард
Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Русия (ФСКН) аз боздошти як зани ҳомила хабар додааст, ки дар муомилоти маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Ба иттилои ин ниҳод, ин хонум ҳангоми дар боздоштгоҳи муваққатӣ будан, таваллуд кардааст.
Юрий Кекшин, сухангӯи Раёсати ФСКН дар вилояти Смоленск гуфтааст, ин зани 36-сола “ба фурӯши ҳероини тоҷикӣ” машғул будааст. Ӯ ба Интерфакс гуфта, ин зан вақте дастгир шуд, дар моҳи охири ҳомиладорӣ қарор дошт ва дар боздоштгоҳи муваққатӣ таваллуд кард: “Ин зан ба ҳомила буданаш нигоҳ накарда, ба пешниҳоди дилерон аз Тоҷикистон барои тақсимоти ҳероин миёни нашъамандон дар вилояти Смоленск розӣ шудааст. Ин зан маводро яклухт гирифта, ба таври чакана паҳн мекардааст”.
Ба гуфтаи Кекшин, дар ин кор ба зан писари 13-солааш кумак мекардааст, ки ҳамчунин дастгир шудааст: “Махфигоҳҳои ҳероинро ба ин зан тавассути СМС-паёмак аз Тоҷикистон хабар медодаанд”.
Сухангӯи Раёсати ФСКН дар вилояти Смоленск гуфтааст, ин зан ҷойҳоеро, ки маводи мухаддирро пинҳон мекард, ҳамчунин бо телефон ба Тоҷикистон хабар медодааст ва бар ивази фурӯш тавассути бонкҳои гуногун маблағ дастрас мекардааст: “Бар ивази кораш ҳерои ҳам мегирифтааст”.
Аммо ин масъули Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Русия нагуфтааст, ки ин зан шаҳрванди кадом кишвар аст.